Дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҷалби сармояҳои UNOPS муҳокима гардиданд

     5-уми марти соли 2019, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо ҳамоҳангсозӣ минтақавии барномаи UNOPS дар Осиёи Марказӣ Давронбек Аҳмадбеков мулоқот доир намуд. Дар вохурӣ консултанти Идораи СММ оид ба лоиҳаҳои (UNOPS) Манзура Махкамова низ иштирок намуд.

    Зимни вохурӣ масъалаҳои ҳамкориҳои оянда дида баромада шудаанд.

   – «UNOPS дар Тоҷикистон дар доираи RRDP – барномаи барқарорсозӣ ва азнавсозии  UNDP корбарӣ менамуд. Дар мавриди ҳозира бошад, UNOPS ба Тоҷикистон ҳамчун структураи мустақил ва худидоракун аз UNDP баргашта айни замон дар марҳилаи бақайдгирии расмӣ қарор дорад»- қайд намуд Давронбек Аҳмадбеков.

    – «Гурӯҳи мо айни ҳол барои ҷалби сармояҳо ва лоиҳаҳои нав ба Тоҷикистон корбарӣ намуда истодааст ва пешниҳоди мо оид ба кушодани намояндагии  минтақавии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе дастгирӣ ёфтааст”- давом дод ӯ.

     Ғайр аз ин, дар доираи ин вохурӣ оид ба таҷрибаи бойи самарабахши ЮНОПС дар давлатҳои дигар ва ҳамчунин чи тавр ин таҷрибаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудан низ муҳокимаронӣ карда шуд. Бо назардошти ин ҳавасмандӣ барои ҳамкорӣ бо Палата ба миён омадааст.

Дар навбати худ, Раиси Палата оид ба фаъолияти Палата ва ҳамчунин оид ба иқтидори зиёд доштани самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотро пешкаш намуд..

Маркази матбуоти ПСС ҶТ.