Кушодашавии расмии намоишгоҳ рузи 28-уми марти соли ҷорӣ соати 10:00 дар Маҷмааи Давлатии «Кохи Борбад»-и ш. Душанбе пешбинӣ гардидааст.

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  

        Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04. 02. 2019 сол таҳти №3739 (22.7), рӯзҳои 28 то 31-уми марти соли 2019 дар бинои Маҷмааи Давлатии «Кохи Борбад» Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2019. Баҳор» баргузор мегардад.

       Кушодашавии расмии намоишгоҳ рузи 28-уми марти соли ҷорӣ соати 10:00  дар Маҷмааи Давлатии  «Кохи Борбад»-и ш. Душанбе  пешбинӣ гардидааст.

     Дар доираи баргузории Намоишгоҳи мазкур рузи 28-уми марти соли 2019 соати 15:00 дар ошёнаи 2-юми толори хурди  Маҷмааи Давлатии  «Кохи Борбад» вохӯрии тиҷоратӣ (Бизнес-форум)-и доираи соҳибкорон ба нақша гирифта шудааст.

     Бинобар ин, эҳтиромона  Шуморо ба чорабиниҳои мазкур даъват менамоед.

    Маълумоти муфассалро таъриқи телефонҳои:  223 06 69,  93 700 45 45 пайдо менамоед.