намоишгоҳи соҳибкорон дар ш.Чунтсини Ҷумҳурии мардумии Чин

Ба аъзоёни Палатаи  савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона ба маълумоти Шумо мерасонад, ки санаҳои 14-16 майи соли 2019 намоишгоҳи соҳибкорон дар ш.Чунтсини Ҷумҳурии мардумии Чин дар чаҳорчӯбаи вохӯриҳои сарони минтақа баргузор мегардад.

  Дар намоишгоҳи мазкур диққати асосӣ ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои техникӣ, технологияи олӣ, коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ, воридот ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика, сармоягузории муштарак, тиҷорати электронӣ, рушди парки технологӣ ва минтақаҳои озоди тиҷоратӣ, сайёҳӣ равона хоҳад шуд:

  Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

 Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомонаи ташкилкунандагони намоишгоҳ: e-mail:ytang_cqfao@163.com, ё ин ки тариқи телефонҳои: +83 23 63639811; +86 15023072823 пайдо намоед.