Ярмаркаи хариди чой дар шаҳри Ичан музофоти Хубэйи Ҷумҳурии мардумии Чин

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона ба маълумоти Шумо мерасонад, ки санаҳои 4-5 майи соли 2019 Ярмаркаи хариди чой дар шаҳри Ичан музофоти Хубэйи Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор мегардад.

   Ярмаркаи мазкур яке аз платформаи байналмилалие мебошад, ки дар он иштирокчиён имконияти на танҳо барои барқарор намудани иртиботи мустақим бо истеҳсолкунандагони аслии чой, балки барои боздид аз кишти чой ва ошнои бо фарҳаги чойи Чиниро низ пайдо менамоянд.

   Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

  Маълумоти  муфассалро Шумо метавонед аз сомонаи ташкилкунандагони намоишгоҳ: www.huahechina.com, e-mail external@huahechina.com, ё ин ки тариқи телефони: +0086-991-3679680 пайдо намоед.