Форуми иқтисодии иттиҳодияҳои тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки баргузории Форуми иқтисодии иттиҳодияҳои тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ санаҳои 24-25 апрели соли 2019 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ба нақша гирифта шудааст.

   Дар форуми мазкур ба таври ҳамаҷониба равишҳои умумӣ ба ҳамкориҳои муосири иқтисодӣ, ҳамгироии мушаххас, саноат ва лоиҳаҳои тиҷоратӣ муҳокима карда мешаванд

   Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

 Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомонаи ташкилкунандагони чорабини: natalibun@yandex.ru k.baikenov@investconsulting.kz, ё ин ки тариқи телефонҳои : +7 495 249 12 72 +7903 666 04 89 +7 7772117714  пайдо намоед.