Санаҳои 4-6 майи соли 2019 дар шаҳри Нур-Султони (Остона) Ҷумҳурии Қазоқистон

Ба аъзоёни  Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаҳои 4-6 майи соли  2019 дар  шаҳри Нур-Султони (Остона) Ҷумҳурии Қазоқистон Намоишгоҳи истеҳсоли Қазоқистон баргузор мегардад.

   Дар доираи намоишгоҳи мазкур семинарҳо, «B2B» вохуриҳо, мастер-класҳо ва машваратҳои экспертӣ ба нақша гирифта шудаанд .

   Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

   Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомонаи ташкилкунандагони намоишгоҳ: e-mail: ilyas.ustimirov@fund.kz, ё ин ки тариқи телефонҳои:     +77272445566, +7 70119088882 пайдо намоед.