Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии универсалии Қирғизистон-2019

Ба аъзоёни Палатаи савдо васаноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаҳои 18-22 апрели соли 2019 дар Қасри варзиши ба номи Кожомкулаи шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузории Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии универсалии Қирғизистон-2019 ба нақша гирифта шудааст.

   Дар намоишгоҳи мазкур бахшҳои сохтмон, таљҳизот ва технологияҳои истеҳсолӣ, саноати кимиёӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, хўрокворӣ, саноати сабук, технологияи иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, сайёҳӣ, ва ғайра муаррифӣ карда мешаванд.

   Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

   Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомона ва суроғаи электронии ташкилкунандагони чорабинӣ:

www.expo.cci.kg, E-mail:expo@cci.kg, ё ин ки тариқи телефонҳои : +996 312 61-01-20; +966 312 61-04-11 пайдо намоед.