«Неделя Российского Ритейла»

 

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаҳои 3-8 июни соли 2019 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Форуми байналмилалии тиҷоратӣ ва ҳокимияти «Неделя Российского Ритейла» баргузор мегардад. Чорабиние, ки дар он самтҳои асосии рушди савдои чакана ташкил карда шудаанд, муносибатҳои давлатро барои рушди бозори чаканаи муосир муайян намуда, проблемаҳои саноатро ҳал мекунанд.

   Дар форум ҳайати намояндагони мақомоти ҳокимияти федералии давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Федератсияи Русия, бузургтарин ташкилотҳои Русияву ташкилотњои байналмилалӣ ва дигар иштирокчиёни бозори истеъмолӣ иштирок меварзанд.

     Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

 Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомона ва суроғаи электронии ташкилкунандагони чорабинӣ: www.retailweek.ru, e-mail: torg@rustrade.tj,  ё ин ки тариқи телефони : +992(37) 224-16-19, +992907012290 пайдо намоедд.