Санаҳои 21-22 октябри соли 2019, дар меҳмонхонаи Гранд Хэундеи шаҳри Пусани Ҷумҳурии Корея конфронси байналмилали

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаҳои 21-22 октябри соли 2019, дар меҳмонхонаи Гранд Хэундеи шаҳри Пусани Ҷумҳурии Корея конфронси байналмилалии “Натиҷаҳо, имкониятҳо ва шароити ҳамкории иқтисодӣ бо доираи соҳибкорони Авруосиё дар доираи барномаи давлатии “Новая северная политика Республики Корея” баргузор мегардад.

   Мақсад аз баргузории конфронс ин дарёфти имкониятҳои нав барои ҳамкории тиҷоративу иқтисодии байни доираи соҳибкорони Ҷумҳурии Корея, асосан Пусан ва соҳибкорони кишварҳои намояндаи Конгресс мебошад.

   Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

   Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз суроғаи электронии ташкилкунандагони чорабинӣ: mitrohinai@mail.ru ё ин ки тариқи телефонҳои: +7 495 2491253 +7 916 1635241 пайдо намоед.