“Технологии производства. Деревообработка. Мебель и интерьер.-Mebel Expo Uzbekistan 2019”

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаҳои 24-26 апрели соли 2019 дар Маҷмааи миллии намоишгоҳии «Узэкспоцентр»-и шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузории 16-умин Намоишгоҳи байналмилалии “Технологии производства. Деревообработка. Мебель и интерьер.-Mebel Expo Uzbekistan 2019” ба нақша гирифта шудааст.

   Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

   Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомона ва суроғаи электронии ташкилкунандагони чорабинӣ: www.iteca.uz, E-mail: yana_ivanova@kongress-servis.uz, ё ин ки тариқи телефони: (+998 71) 205 14 14 пайдо намоед.