“Курская Коренская ярмарка-2019”

Ба аъзоёни Палатаи савдо васаноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад,ки санаҳои 26-30 июни соли 2019 дар вилояти Курски Федератсияи Русия, 19-умин Ярмаркаи байниминтақавии универсалии яклухт-чаканаи “Курская Коренская ярмарка-2019” баргузор мегардад.

   Дар ярмаркаи мазкур бахшҳои сохтмон, таљҳизот ва технологияҳои истеҳсолӣ, саноати кимиёӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, хӯрокворӣ, саноати сабук, технологияи иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, сайёҳї, ва ғайра муаррифӣ карда мешаванд

   Дар доираи баргузории чорабинии мазкур санаҳои 26-27 июни соли 2019 баргузории VIII – умин Форуми иқтисодии марказии Русия дар мавзӯи: “Минтақаи рақамӣ” ба нақша гирифта шудааст

   Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

   Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомона ва суроғаи электронии ташкилкунандагони чорабинӣ:

www.sef-kursk.ru, cvms@kcci.ru, ё ин ки тариқи телефонҳои: (4412) 700230 (4412) 520397 пайдо намоед.