Санаҳои 30 сентябр-2 октябри соли 2019 дар шаҳри Ар-Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 3-юмин намоишгоҳ

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад,ки санаҳои 30 сентябр-2 октябри соли 2019 дар шаҳри Ар-Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 3-юмин намоишгоҳи солонаи Идораи назорати озуқаворӣ ва дорувории Арабистони Саудӣ баргузор мегардад.

   Намоишгоҳи мазкур яке аз чорабиниҳои муҳимми муаррифии маҳсулоти хӯрокворӣ ва доруворӣ дар Арабистони Саудӣ ба шумор рафта, дар ҳошияи он як қатор масъалаҳои ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва муаррифии назорати озуқаворӣ ва доруворӣ пешниҳод мегардад.

   Дар доираи намоишгоҳ баргузории семинарҳо оид ба муҳокимаи масъалаҳои маводҳои озуқаворӣ, доруворӣ, таҷҳизотҳои тиббӣ ва тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

   Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

   Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомона ва суроғаи электронии ташкилкунандагони чорабинӣ:

www.sfdacont.com,exhibition@citv-advr.com, ё ин ки тариқи телефонҳои: +966 556080702, + 9661 14640321 пайдо намоед.