Бизнес-вохӯрӣ бо намояндагони Сафорати Руминия

  Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона ба маълумоти Шумо мерасонад, ки санаи 14 майи соли 2019  соати 15:00 дар  толори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ошёнаи дуюм  бизнес-вохӯрӣ бо намояндагони Сафорати Руминия дар ҶТ ва Палатаи савдо ва саноати Руминия баргузор мегардад.

  Аз ин лиҳозШуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур  даъват менамоем.

  Вақти бақайдгирӣ: 14:30

  Телефон барои тамос: 937004545, 934545422