“World Environment Expo”

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаҳои 05-07 июни соли 2019 дар шаҳри Ню-Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон Намоишгоҳи “World Environment Expo” (намоишгоҳи байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои ҳифзи муҳити зист) баргузор мегардад.

   Дар намоишгоҳи мазкур соҳаҳои технологияҳои ҳифзи муҳити зист, фанноварии сабз, энергияи тоза ва табиӣ, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, коркарди обу партовҳо амал мекунад ва дар доираи он баргузории Конфронси умумиҷаҳонии муҳити зист ва ҷоизаи Green India Awards 2019 низ ба нақшагирифта шудааст.

  Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабиниҳои мазкур даъват менамоем.

  Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомонаи намоишгоҳ:  www.worldenvironment.in пайдо намоед.