Sial Middle EAST-2019

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаҳои 9-11 декабри соли 2019 дар шаҳри Абу-Забии Аморати Муттаҳидаи Араб Намоишгоҳи байналмилалии Sial Middle EAST-2019 баргузор хоҳад гардид.

   Дар чорабинии мазкур зиёда аз 1000 намоишгарон беш аз 50 кишвари ҷаҳон маҳсулоти хешро ба намоиш хоҳанд гузошт. Ин заминаи мусоид баҳри таҳқими ҳамкорӣ миёни соҳибкорон, ба роҳ мондани равобити тиҷоратӣ ва муаррифӣ намудани маҳсулоти ватанӣ дар арсаҳои гуногун мебошад.

   Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

   Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомонаи ташкилкунандагони чорабинӣ:

 www.sialme.com/welcome  ё ин ки тариқи телефони:  +971 561300808 пайдо намоед.