“Uzbekistan Agrotech Expo-2019”

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаҳои 12-14 июни соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузории намоишгоҳи байналмилалии  таҷҳизоти замонавӣ ва технологӣ “Uzbekistan Agrotech Expo-2019” дар назар аст.

   Дар чорабинии мазкур иштирок зиёда аз 170 намоишгарон беш аз 15 кишвари ҷаҳон ба нақша гирифта шуда, дар намоиш таҷҳизотҳои технологияи инноватсионӣ барои соҳаи кишоварзиро ба марази тамошобинон хоҳанд гузошт.

   Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

   Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз суроғаи электронии ташкилкунандагони чорабинӣ:

uzexpocentre@gmail.com, b.nodirbek@uzexpocentre.uz, ё ин ки тариқи телефонҳои:

+998 71  2385600 +998 71 385626  +998 71 2385636 пайдо намоед.