“Ҳаят реҷенси”

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаҳои 27-29 июни соли 2019 дар Меҳмонхонаи “Ҳаят реҷенси”-и шаҳри Душанбе баргузории намоишгоҳи байналмилалии маснуоти заргарӣ ба нақша гирифта шудааст.

   Дар намоиши мазкур иштироки намояндаҳои ширкатҳои Дубай, Туркия, Ҳиндустон, Армения ва брендҳои машҳури хориҷӣ, аз ҷумла аврупоӣ ва ширкатҳои заргарии ватанӣ дар назар аст.

   Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

  Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомонаи ташкилкунандагони чорабинӣ:  www.akika.tj,   ё ин ки тариқи телефони:  +992 37 2274010 пайдо намоед.