Форуми Гулистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаи 22 августи соли 2019 дар шаҳри Гулистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузории I Форуми байналмилалии сармоягузорӣ ва Намоишгоҳи миллии истеҳсолкунандагони вилояти Сирдарё дар назар аст.

Барномаи форуми мазкур аз 5 қисм иборат мебошад: ҳамкорӣ дар соњаи савдо ва иқтисод, иқтидори сармоягузорӣ, рушди кишоварзӣ, дурнамои саноати сохтмонӣ ва сайёҳӣ.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

Барономаи Форум