“Marketplace Austria Food”

 

 Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаи 1 октябри соли 2019 дар шаҳри Венаи Австрия Форуми солонаи байналмилалии истеҳсолкунандагон ва таъминкунандагони маҳсулоти озуқаворӣ ва нӯшокии Австриягӣ “Marketplace Austria Food” баргузор мегардад.

   Дар доираи форуми мазкур баргузории «B2B» вохӯрии тоҷирон бо ширкатҳои истеҳсолкунандагон ва таъминкунандагони яклухти маҳсулоти озуқаворӣ ва нӯшокиҳои австриягӣ дар назар аст.

   Қобили зикр аст, ки аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ барои иштирокчиёни форум меҳмонхона дар маркази Вена барои ду шабонарӯз бо хӯроки субҳона ройгон таъмин карда мешаванд.

    Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

  Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомона ва суроғаи электронии ташкилкунандагони чорабинӣ: www.advantageaustria.org/kz, almaty@ advantageaustria.org, ё ин ки тариқи телефонњои :  +7 727 2251484,

+7 727 2251486 пайдо намоед.