9 th Muslim Word BIZ – Bizness Investment Zone

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санањои 4-6 сентябри соли 2019 дар Маркази конференсияи шаҳри Куала-Лумпури Давлати Малайзия 9-умин Минтақаи бизнес сармоягузории умумиҷаҳонии мусулмонӣ (9 th Muslim Word BIZ – Bizness Investment Zone)  баргузор мегардад.

  Мавзӯи чорабинӣ:  “Пешбурди рушди устувори иқтисодӣ”

  Дар доираи чорабинии мазкур

 

Намоишгоҳи умумиҷаҳонии Мусулмонии БИЗ 2019,

Форуми савдо ва иқтисоди СҲИ/Осиё,

Муҳокимаи мизи мудаввари роҳбарони мусалмонони ҷаҳон 2019,

Саммити занони мусулмони ҷаҳон 2019,

Ҷоизаи Ҷавоҳироти мусулмонони ҷаҳон 2019,

Ҷоиза Рания мусулмонони ҷаҳон 2019

 

Дар назар аст.

 

   Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз  суроғаи электронии ташкилкунандагони чорабинӣ: Info@muslimworldbiz.com, www.muslimworldbiz.com, icdt@icdt-oic.org,  ё ин ки тариқи телефони:  +603 26810037 пайдо намоед.