“Hotels & Preference Hualing Tbilisi”

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаи 21-22 ноябри соли 2019 дар меҳмонхонаи “Hotels & Preference Hualing Tbilisi”-и шаҳри Тбилисии Ҷумҳурии Грузия 13-умин Анҷумани тиҷоратӣ – Конвенти Олами савдои Грузия – 2019 баргузор мегардад.

   Дар чорабинии мазкур намоядагони ширкатҳо аз ҷумҳуриҳои Беларус, Украина, Қазоқистон, Қирқизистон, Армения, Грузия, Озарбойҷон, Туркманистон, Тоҷикистон, Федератсия Россия  ва ғайра иштирок менамоянд.

   Мақсади Конвенти мазкур – мусоидат ба тиҷорати кишварҳои иштирокчӣ дар ҷалб ва пешбурди сармоягузорӣ, мубодилаи технологияҳо, дониш ва мубодилаи таҷриба дар соҳаҳои тиҷорат ва инфрасохторҳои тиҷоратӣ мебошад.

   Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

   Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомона ва суроғаи электронии ташкилкунандагони чорабинӣ: elena@exim-partners.ru,  www/exim-partners.ru , ё ин ки тариқи  WhatsAPP/телефони :  +7 777 125 1111 пайдо намоед.