Бизнес Форум Казахстан-Таджикистан 18 июля в 13.00 ч

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шумо эҳтиромона мерасонад, ки Палата дар якҷоягӣ бо Палатаи савдои хориҷии Қазоқистон санаи 18-уми июли соли 2019, соати 13:00 дар толори меҳмонхонаи “Ҳайят Риҷенси”-и ш. Душанбе ҷаласаи 2-юми Шӯрои кории Тоҷикистону Қазоқистонро баргузор менамояд.

   Ҳамзамон қайд менамоем, ки ба ҳайати љониби Ќазоќистон, намояндагони Палатаи савдои хориҷии Қазоқистон ва зиёда аз 18 ташкилот дар соҳаҳои тиҷорат, хӯрокворӣ, мошинсозӣ, масолеҳи сохтмонӣ, металлургия, кимиё, кишоварзӣ, тиббӣ, фармасевтика ва ғайра шомил мебошанд. Дар доираи чорабинии мазкур гузаронидани вохӯриҳо бо соҳибкорони ду кишвар (B2B) ва намояндагони сохторҳои давлатӣ (B2G) пешбинӣ шудааст.

   Мақсади баргузор намудани чорабинии мазкур рушд ва тақвият додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ ва густариши робитаҳои соҳибкорони ватанӣ бо соҳибкорони ин кишвар мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки иштироки намояндаи худро дар чорабинии мазкур таъмин намоед.

Бақайдгири: 18 июли соли 2019 соати 12:30

Барои маълумот:

Тел:2230669, 937004545, 934545422

E-mail:members.tpptj@gmail.com

Замима:2 саҳ.