Пресс-релиз (Ахборот)

   Палатаи   савдои   хориҷии  Қазоқистон  дар  ҳамкорӣ  бо  Палатаи  савдо   ва  саноати  Ҷумҳурии  Точикистон  бо  дастгирии  Ҳукумати  Ҷумҳурии Қазоқистон   ва   Ҳукумати  Ҷумҳурии   Тоҷикистон  сафари  кории   ҳайати   ширкатҳои   истеҳсолӣ – тиҷоратии   Ҷумҳурии   Қазоқистонро   дар  шаҳри   Душанбе рузҳои  18 -19 июли   соли 2019 баргузор   менамояд.   Мақсади   асосии  ин  чорабини   густариш   додани   муносибатҳои    ҳамкории   тиҷоратии  дуҷонибаи   корхонаҳои   истеҳсолии   Қазоқистону  Тоҷикистон    мебошад.

   Ҳайати    гуруҳи   корхонаҳои   истеҳсолии   Ҷумҳурии   Қазоқистон   аз  21 ширкату   корхонаҳои   молистеҳсолкунандагони   бузург  дар   соҳаҳои мошинасозӣ,   сохтмонӣ,  телекоммуникатсия,   тиб,   тиҷорат,   хоҷагии   қишлоқ,   ва   саноати   хӯрокворӣ:  ШММ  «Корпоратсияи   Қазоқмыс», ШММ  «Сарыарка  Автопром»,   ШММ   «Консерни  Цесна -Астык»,   ШММ «ҚазТехникас»,  ҶС  «Актюбрентген»,  ҶС  «Заводи Трансформатории Кентау»,  ШММ  «Optic Service»,   ШММ  «Amitech Astana»,   ШММ «KazFoodProducts»,   Hyundai Com Trans Kazakhstan,   ШММ «Шымкент – Кус»,   ҶС  «Келет»,  ШММ  «Био Katu»,  ШММ  «Digital System Servis», ШММ  «CSM Trade»,  ШММ    «IТ&М», ШММ  «Pallant Trade»,  ШММ «Tectum Engineering»,  Ширкати Тургеньэкопродукт,  ШММ  «Холдинг Алтын Арна»  таъсис  дода  шудааст.

   Дар чорабинӣ  аз  ҷониби  Ҷумҳурии  Точикистон  Вазоратҳои  нақлиёт, рушди  иқтисод  ва  савдои  ҶТ,  Вазорати  саноат  ва  технологияи  нав, Вазорати  энергетика  ва  захираҳои  оби  ҶТ,  хочагии   қишлоқ,  тандурустӣ ва  ҳифзи   иҷтимоии   аҳолии  ҶТ  ва  дигарон ширкат меварзанд.  Инчунин намояндагони   бизнеси   хурду   миёнаи  Точикистон,   нуктаҳои  савдо  ва соҳибкорони   инфиродӣ низ иштирок мекунанд.

   Ҳамзамон  дар  доираи  баргузории  чорабинӣ  ҷаласаи   Шуроӣ   Кории Тоҷикистону – Қазоқистон   дар  назар  дошта   шудааст,  ки  масъалаи   ҷоннок   намудани   иштироки   соҳибкорони   хурду  миёнаро  дар чорабиниҳое,   ки  солҳои   2019- 2020  дар   Ҷумҳуриҳои  Тоҷикистону Қазоқистон ба нақша гирифта шудааст,   гузаронида мешавад.