Вохӯри Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо ҳайати пешакии Шӯрои назоратии Ассотсиатсияи электронӣ ва электротехникӣ

   15 июли соли 2019 Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамшед Ҷумъахонзода   бо ҳайати пешакии Шӯрои назоратии Ассотсиатсияи электронӣ ва электротехникӣ,  таҳти роҳбарии Котиботи Генералии Ассосиатсияи содироткунандагони маъдан ва металҳои шаҳри Истанбул: Керем Ӯздоган-аъзои Шӯрои назоратии ассоситатсия  ва Бесим Тунҷай Октайер – аъзои Шӯрои назоратӣ,  мулоқот намуд. Мақсади сафари меҳмонон  ба Тоҷикистон аз наздик дидани бозор ва шинос шудан ба муҳити сармоягузорӣ иборат мебошад.

   Зимни мулоқот Раиси Палата Ҷамшед  Ҷумъахонзода минатдории хешро барои ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд миёни соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия иброз намуд. Дар рафти мулоқот оиди имкониятҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати сармоягузорӣ  маълумотҳои зарурӣ пешниҳод карда шуд. Раиси Палата соҳибкорони туркро барои  иштирок  дар намоишгоҳи байналмиллалии  “Тоҷикистон-2019”, ки баргузории он  саннаи 24-26 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе  дар назар аст,  таклиф намуд.