Намоишгоҳи аморати Рас Ал-Хаймаи Аморати Муттаҳидаи Араб

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаҳои 14-16 ноябри соли ҷорӣ дар аморати Рас Ал-Хаймаи Аморати Муттаҳидаи Араб Намоишгоҳи байналмилалии ширкатҳои хурд ва миёна – 2019 баргузор мегардад, ки дар он намояндагони ширкатҳои зиёда аз 20 давлат ширкат меварзанд.

   Қобили зикр аст, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо ва роҳандозии содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоқикистон ба АМА ҷониби кишвари мазкур даъват намуд, ки ширкатҳои истеҳсолкунандаи маводи хӯрока, ширкатҳои коркарди меваҷот, фермерҳо дар Намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок намуда, маҳсулоти худро муаррифӣ намоянд.

   Ҳамзамон қайд менамоем, ки дар ҳишияи ин Намоишгоҳ вохӯриҳо бо сармоягузорон бргузор хоҳад гардид.

   Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

   Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз суроғаҳои электронии ташкилкунандагони чорабинӣ : r.sawoqed@raksme.ae , thechmi@rakexpo.ae , ё инки тариқи телефонҳои +971-501-962-324,   +971-556-665-897 пайдо намоед.