Вохури дуҷониба бо соҳибкорони Австралия

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаи 24 сентябри соли 2019 соати 14:00 дар меҳмонхонаи  “Хаят Реҷенси” вохурии дуҷонибаи (В2В)  байни соҳибкорони Тоҷикистону Австрия баргузор мегардад.

   Хоҳишмандон метавонанд ҷиҳати иштирок дар  ин чорабини ба суроғаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 30-юми августи соли ҷорӣ пешниҳод намоянд.

   Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

   Замима: руйхати иштироккунандагони ширкатҳои Австрия.