“AGROEXPO-2019”
Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки рӯзҳои 25-28 сентябри соли 2019 дар шаҳри Киеви Ҷумҳурии Украина Намоишгоҳи байналмилалии агросаноатии “AGROEXPO-2019” баргузор мегардад.
Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.
Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомонаи ташкилкунандагони чорабинӣ: www.ukragroexpo.com пайдо намоед.