“Ош-Татан” Ҷумҳурии Қирғизистон

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки аз санаи 6-9 сенябри соли 2019 намоишгоҳ ва ярмаркаи молҳои вилояти Гуандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Маркази  савдои “Ош-Татан”-и шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад.

   Дар намоишгоҳ маводҳои сохтмонӣ, ороишӣ, мебел ва инчунин ашёҳои дохилие, ки аз ҷониби ширкатҳои пешрафтаи вилояти Гуандун истеҳсол шудаанд, ба намоиш гузошта мешаванд.

   Ҳамзамон қайд менамоем, ки баъд аз ба анҷом расидани намоишгоҳи мазур аз санаи 10 сентябр то 10 ноябри соли ҷорӣ, дар он ҷо ярмаркаи молҳои вилояти Гуандун низ фаъолият хоҳад намуд.

   Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

   Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз суроғаи электронии ташкилкунандагони чорабинӣ:

globustranslate@mail.ru  ва ё тариқи телефонӣ: +996 556 853522 пайдо намоед.