Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии “ЭКСПО-2019”

          20 августи соли ҷорӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии “ЭКСПО-2019” шаҳри Пекин Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  гардид.  Ҳайати расмии Ҷумҳурии Халқии Хитойро  Джао Лианг Пинг –муовини комиссари генералии “ЭКСПО – 2019”, директори генералии Агентии ҳифзи экологӣ ва барқарорсозии идораи хоҷагии ҷангал ва алафзори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой роҳбарӣ намуд.    Дар ҳайати расмӣ  намояндагони    Вазорати корҳои хориҷӣ, вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Мардумии Чин шомил буда,  намояндагони доираҳои гуногуни ҷомеаи чинӣ, ширкатҳо, соҳибкорон ва васоити ахбори оммаи Чин ва кишварҳои хориҷӣ,  комисарҳои генералӣ ва намояндагони Павилионҳои кишварҳои гуногуни хориҷии иштироккунандагони  Намоишгоҳ, сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ аз љумла  Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.   Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Иззатуло Сатторӣ – Вазири кишоварзии  Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекард. Дар ҳайати расмии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода –   Комиссари генералии экспозитсия Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  Намоишгоҳи  байналмиллалии   боғдории   “ЭКСПО – 2019”;  Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии  Тоҷикистон,   Парвиз Давлатзода – Сафири фавқуллода ва мухтори  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар   Ҷумҳурии Мардумии Чин,  Сангов Одил   –  Директори экспозитсия Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  Намоишгоҳи  байналмиллалии  боғдории   “ЭКСПО – 2019”, муовини Раиси Палатаи савдо ва саноат шомил буданд.   Инчунин дар Рўзи Милии Ҷумҳурии Тоҷикистон    соҳибкорон ва  молистеҳсолкунандагони Тоҷикистон, аъзоёни Палатаи савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳамватанони берунмарзӣ,  донишҷўён, кормандони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар   Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок намуданд.    

         Бояд қайд кард, ки 28 апрели соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Чин ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ҳамкориҳои байналмилалии “Яке камарбанд – як Роҳ” ҳамроҳ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва роҳбарони давлатҳои дигари хориҷӣ дар маросими ботантанаи ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии боғдории ЭКСПО-2019 иштирок намуда, аз ғурфаи Тоҷикистон дар он Намоишгоҳ дидан карда буд.

       Дар маросими расмии кушодашавии  Рӯзи миллӣ, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ бо сухани шодбошӣ баромад намуда, қайд намуд ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории “ЭКСПО-2019” таҳти шиори «Боғдорӣ дар рушди деҳот» ширкат дошта, дар Намоишгоҳ беш аз 30 навъи маҳсулоти боғу токпарварӣ дар шакли хушк ва тару тоза ба меҳмонон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин пешниҳод шудааст. Ҳамарӯза Намоишгоҳро ба ҳисоби миёна зиёда аз 23 000 нафар тамошо намуда, бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос мегарданд ва дар бораи имкониятҳои саноатию кишоварзӣ, энергетикӣ ва сайёҳии Тоҷикистон маълумот пайдо менамоянд.

       Роҳбарияти Намоишгоҳи байналмилалии боғдории “ЭКСПО-2019” аз номи Ҳукумати Халқии Хитой баромад намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз кишварҳои муҳимми минтақа, хусусан дар масири “Як камарбанд – як Роҳ” арзёбӣ намуда, ба иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи боғпарварӣ «ЭКСПО-2019» дар Пекин  баҳои баланд доданд.

      Баромадкунандагон – Роҳбарони ҳайатҳои Љумҳурии Тоҷикистон ва Љумҳурии Мардумии Чин ҳамчунин ҳозиринро ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-умин солгарди таъсисёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин табрик карданд. Ба меҳмонон барномаи рангину ҷолиби консертӣ аз ҷониби ҳунармандони ансамбли эстрадии “Гулшан” ва Ансамбли рақсии “Ҷаҳоноро” пешкаш карда шуд.

Баргузории Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои хориљӣ қарор гирифта  дар маљалаҳо, телевизионҳо,  сомонаҳо ба таври мусбӣ инъикос ёфт.