“ГЮМРИ – Ереван 2019

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Палатаи савдо ва саноати умҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки рӯзҳои 15-19 октябри соли 2019 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон Марафони тиҷоратии  содиротии “ГЮМРИ – Ереван 2019”доир мегардад.

   Дар доираи чорабинӣ муаррифии имконоти содиротии минтақаҳо, гуфтушунидҳои корӣ, мубодилаи тамос ва B2B вохӯрї баргузор мегардад.

   Ҳадафҳои асосии чорабинӣ ташкили гуфтушунидҳо миёни намояндагони ширкатҳои хориҷӣ ва Армани, дарёфти равобити нави тиҷорӣ, тавсеаи доираи фаъолияти соҳибкорӣ, ки ба афзоиши ҳаҷми содирот ва тиҷорати хориҷӣ равона карда мешавад.

   Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

   Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомона ва суроғаи электронии ташкилкунандагони чорабинӣ:www.eventcenter.am

info@eventcenter.am  ё ин ки тариќи телефони +374 10 350 111 +374 99 350 111пайдо намоед.