Ҷашни Истиқлолият фархунда бод!

    Ба ифтихори  ҷашни 28-сологии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриамон аз номи кормандони Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам Шуморо самимона табрик менамоям

   Боиси сарфарозиест, ки мардуми шарифи азизамон бо дарки амиқи масъулияти баланди худ эҳсос менамоянд, ки бо шарофати Истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Точикистон дар тули бисту ҳашт сол роҳи пуршарафро тай намуд. Ин дастоварди беназир водор менамояд, ки ба қадри ин неъмати бузург расида, барои ҳифзи он ҳамеша кӯшиш намоем.

   Ба Шумо дар ин рӯзи муборак ҳамеша саломатии комил, саодатмандӣ ва комёбиҳои меҳнатиро тамано менамоям.

 

          

        Бо камоли эҳтиром,

   Раиси Палатаи савдо ва саноати

     Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          Ҷумъахонзода  Ҷ