Бастани Созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти геологии Шенсӣ

   Санаи 06.09.2019 сол дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноат Рустамова Манзура Акрамовна бо ҳайати 5 нафараи намояндагони музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сардории Директори генералии Институти тадқиқоти геологии Шенсӣ ҷаноби Хонг Зенглин доир гардид.

   Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вазъи кунунии соҳаи саноати кӯҳкании тоҷик ва вусъат бахшидан барои пешрафти он дида шуд. Ғайр аз ин, ба ҷониби чинӣ нисбат ба фазои мусоиди сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Минтақаҳои Озод ва саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои афзалиятноки ин соҳа муаррифӣ гардид.

   Маълум гардид, ки ин ширкат дар баробари масъалаҳои кашфиёти геологӣ ҳамзамон бо масъалаҳои тадқиқоти зеризаминӣ оид ба пешгуи намудани ҳолатҳои фавқуллодаи табии ба монанди заминҷунбӣ, фаромадани тармаҳо, селҳо ва ғайра корбарӣ менамоянд ва тибқи иттилои онҳо дар замони ҳозира пешгуи намудани онҳо пеш аз 4 соат мебошад.

   Инчунин, ҷаноби Хонг Зенглин ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳои тарафайн дар масъалаҳои баргузори намудани омӯзишҳо ва ғайра, ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти геологии Шенсиро пешниҳод намуд.

   Санаи 07.09.2019 сол, Директори генералии Институти тадқиқоти геологии Шенсӣ ҷаноби Хонг Зенглин бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон вохӯрӣ намуд. Зимни вохури масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн дида баромада шудаанд.

   Раиси Палата, дар асоси ахборотҳои ҷониби чинӣ, барои баргузор намудани омӯзишҳои соҳавии мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешниҳод намуданд.

   Худи ҳамон рӯз, Созишномаи ҳамкорӣ байни Институти тадқиқоти геологии Шенсӣ ва Палатаи савдо ва саноат ба имзо расонида шуд.

   Бояд қайд намуд, ки ҷаноби Хонг Зенглин барои шиносои ва ҳамкорӣ, Раиси Палатаи савдо ва саноатро ба Институти тадқиқоти геологии шаҳри Шансӣ даъват намуданд. Раиси Палатаи савдо ва саноат барои даъват изҳори сипос намуда, қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои кӯҳи дар Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта, дорои захираҳои зиёди канданиҳои фоиданок мебошад ва аз ин лиҳоз имкониятҳои зиёди ҳамкориҳо дар ин самт вуҷуд доранд ва мо метавонем бо назардошти лоиҳаҳои афзалитнок амкориҳоро ба роҳ монем.

 

 

Маркази матбуоти ПСС ҶТ