“Made in Uzbekistan”

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаи 23-25 октябри соли 2019 дар шањри Тошкент Ҷумҳурии Ӯзбекистан намоишгоҳи милли маҳсулоти тамғаи “Made in Uzbekistan ”баргузор мегардад.

   Дар чорабинии мазкур намоиши маҳсулотњои ба содирот нигаронидашудаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешнињод карда мешавад, ва дар доираи намоишгоҳ баргузории гуфтушунидҳои дуҷониба байни содиркунандагон ва истеъмолкунандагони маҳсулотҳои Ӯзбекистон  ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои устувори дарозмуддат бо шарикони хориҷӣ  дар назар аст.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.