Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2019” (Тирамоҳ)

Ба аъзоёни  Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона ба маълумоти шумо мерасонад, ки аз 24 то 26 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе, дар бинои МД «Мактаби чумхуриявии махорати олии варзиши оид ба намудхои гуштин» Намоишгоҳи  байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2019” (Тирамоҳ) баргузор мегардад.

   То имрӯз намояндагони ширкатҳо аз: Федератсияи Россия, Беларус, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон  иштироки худро тасдиқ намудаанд.

   Ширкати Шумо ҳамчун иштирокчии Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2019» (Тирамоҳ) имконият дорад, ки фаъолияти ширкати худро муаррифӣ намуда, доираи ҳамкориҳоро бо шарикони хориҷӣ васеъ намояд.

   Барои аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар кори Намоишгоҳ бо дарназардошти тахфиф хароҷоти иҷораи ғурфаҳои намоишгоҳӣ барои як метри мураббаъ 80 доллари ИМА ва бақайдгирии иштирокчиён 50 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо барои  иштирок намудан дар Намоишгоҳ ва Бизнес-Форуми доираи соҳибкорон даъват менамояд. Мо инчунин умедворем, ки кормандони шумо аз намоишгоҳи мазкур дидан менамоянд. 

Международная универсальная выставка-ярмарка «Таджикистан — 2019″(Осень)