Иштироки бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «ЭКСПО – 2019» ш.Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин.

   Дар музофоти Янчини шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин  намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ “ЭКСПО-2019” ба охир расида истодааст. Намоишгоҳ 29 апрел ифтитоҳ  шуда, кори худро 7 октябри соли 2019 ба анҷом мерасонад. Шиори павилони Ҷумҳурии Тоҷикистон “Боғдорӣ дар рушди деҳот” мебошад.

   То 1 сентябри соли 2019 беш аз 3,200,000 (се миллиону дусад ҳазор) меҳмон ба Павилони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳар рӯз дар рӯзҳои корӣ то 25 ҳазор ва дар рӯзҳои истироҳат то 45 ҳазор меҳмон аз павилони Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан мекунанд.

   Дар намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ “ЭКСПО -2019”, маҳсулоти истеҳсолнамудаи  ширкатҳои хусусии Тоҷикистон: “Интермед”, “Абрикос и компани”, “Оро”, “Исфара”, “Баракати Исфара”, “Исфара фуд”, “Меваи Қанд”, “Экофрути Исфара” “Аввалин”, “Амирӣ”, “Ширин”, “Сиёма”, “Оби Зулол”, “Зода”, “Субҳи Ватан», “Комбинати Хуроквории Бохтар” “Рухом”, “Асрори Санг” ба диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод карда шуд.

   Маҳсулоте, ки истеҳсолкунандагони тоҷик истеҳсол мекунанд, меҳмононро на танҳо бо хуссусиятҳои хоси миллии худ, балки бо таъми баланд ва сифатҳои тозаи экологӣ ҷалб мекунад. Маҳсулоти ҳунармандӣ ва навъҳои гуногуни меваҳои хушк, асосан зардолуи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба зудӣ дар бозорҳои Чин пайдо мешаванд.

   Иштирокчиёни намоишгоҳ дар бораи нақши намоишгоҳ дар рушди ширкатҳои ватанӣ  ва пайдо намудани бозорҳои нав шарҳ додаанд:

   Ашуров Пулод Директори генералии “Абрикос и компани”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфтааст: “Бо иштирок дар “ЭКСПО-2019” дар ш. Пекин, мо имконият пайдо намудем, ки маҳсулоти худро дар сатҳи ҷаҳонӣ намоиш диҳем ва бо назардошти талаботи зиёд ба маҳсулоти худ, мақомоти Чин ба мо иҷозат доданд, ки як ширкати савдо ва истеҳсолӣ   кушоем. Дар Чин на ба ҳама хориҷиён иҷозати истеҳсол ва фуруши озуқаворӣ дода мешавад, чунки   ин иҷозати махсуси мақомотро талаб мекунад ва ба мо ин иҷозат дода шуд ва мо як ширкати савдо ва истеҳсолӣ   кушодем, ки он барои рушди  содироти меваи хушк аз Тоҷикистон ба Чин хеле муҳим аст. “

   Директори генералии ҶДММ “РУХОМ” ва Раиси Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон Муҳаббатов Маффарах чунин гуфтааст: “Бо шарофати иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ “ЭКСПО-2019″дар Пекин, мо фаҳмидем, ки тӯҳфаҳо ва маҳсулоти ҳунармандии дар Тоҷикистон истеҳсолшуда талаботи хеле зиёд доранд. Аз ин рӯ, ширкати мо тасмим гирифт, ки Намояндагии тиљоратии ширкати худро барои фурӯши маҳсулотњои дар Тољикистон истењсолшуда  дар Чин кушояд. ”