“Sario Businnes Link”

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаи 24 октябри соли 2019 дар шаҳри Братиславаи Ҷумҳурии Словакия дар доираи лоиҳаи Агентии словакӣ оид ба рушди сармоягузорӣ ва савдо “Sario Businnes Link” баргузории  биржаи кооперативӣ дар назар аст.

Мавзӯи асосии мубодилаи ҳамкорӣ дар Братислава дар соли 2019 инҳоянд: саноати зеҳнӣ, инноватсия, автоматика, робототехника, мобилии электронӣ.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомонаи ташкилкунандагони чорабинӣ:https://matchmakingfairbratislava2019.sario.sk  пайдо намоед.