“Invest in Tashkent Region”

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаи 25-26 октябри соли 2019 дар ноҳияи Бостанлики вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор намудани Форуми байналмилалии соҳибкорӣ “Invest in Tashkent Region” ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон қайд менамоем, ки дар чорабинии мазкур намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, ташкилотҳои сайёҳӣ, донишгоҳҳо ва васоити ахбори оммаи Тоҷикистон даъват шудаанд.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.