“Кулоб-2019”

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаи 11 октябри соли 2019 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Анҷумани иқтисодии “Кулоб-2019” дар мавзӯи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Имконият барои рушд” доир мегардад.

Дар доираи  чорабинии мазкур намоишгоҳи дастовардҳои молҳои истеҳсолии корхонаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар , инчунин боздид аз корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб ва минтақаҳои  озоди иқтисодии он пешбинӣ шудааст.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.