“Open Andijan”

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаҳои 17-18 октябри соли 2019 дар вилояти Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор намудани I Форуми сармоягузории байналмилалӣ “Open Andijan” ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон қайд менамоем, ки дар чорабинии мазкур намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, ташкилотҳои сайёҳӣ, донишгоҳҳо ва васоити ахбори оммаи Тоҷикистон даъват шудаанд.

Бинобар ба ин, аз тарафи Ҳукумати вилояти Андиҷон бастаи меҳмоннавозӣ пешниҳод карда шудааст, ки аз қабили чиптаҳои парвози Тошканд – Андиҷон – Тошканд, ҷои зист дар меҳмонхона, нақлиёт ва хӯрока иборат мебошад.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.