“Вьетнам-Экспо-Сибирь”

 Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаи 28-30 майи соли 2020  дар шаҳри Ханойи Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам сеюмин Намоишгоҳи гуногунсоҳаи “Вьетнам-Экспо-Сибирь” ба нақша гирифта шудааст.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомонаи ташкилкунандагони чорабинӣ:  www.vietexposib.com, ё ин ки тариқи телефонҳои:+79130042184, +79132001580, 383 3034020, 383 3034039 пайдо намоед