Вохурии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имран Ҳайдар

   Санаи 7-уми октябри соли 2019 вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Имран Ҳайдар доир гардид. Зимни вохӯрӣ, масъалаи вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба миёни соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистонро баррасӣ гардид.

   Раиси Палатаи савдо ва саноат барои ташаккул додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни кишварҳои якдигар, ташкил ва гузаронидани бизнес-миссияҳо, бизнес-форумҳо, намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои байналмилалӣ, иштирок намудани соҳибкорон, сармоягузорон ва ширкату корхонаҳои ҷонибҳоро дар чунин чорабиниҳо мувофиқи мақсад мешуморад.

   Ҷиҳати зиёд намудани иқтидори содиротии кишвар ба Ҷумҳурии Исломии Покистон аз ҷониби Ҷамшед Ҷурахон пешниҳод карда шуд, ки содироти молу маҳсулотҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон зиёд гардад ва ҳамкориҳо вобаста ба ин самт ҷиддӣ ба роҳ монда шавад, зеро талабот ба маҳсулотҳои Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон зиёд мебошад.

   Инчунин қайд гардид, ки  имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳифзи ҳуқуқӣ соҳибкорону сармоягузорон тамоми шароитҳоро муҳайё намудааст ва маълумотҳо оид ба имтиёзҳои дар Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳмондашуда, ба Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон шинос карда шуд ва Ҷумъахонзода Ҷамшед ба ҷониби покистонӣ барои бунёди корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои мазкур таклифу пешниҳод намуд.

   Ҳамчунин, Раиси Палатаи савдо ва саноат қайд намуданд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми миллӣ, санъоткунонии босуръати кишвар эълон гардидааст ва ҳамкориҳо вобаста ба бунёди корхонаҳои муштараки дар қаламрави Минтақаҳои Озоди Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон як заминаи мусоид дар амалишавии ин иқдом хоҳад гузошт.