Ҷоизаи тиллоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии “ЭКСПО-2019”-Пекин, Ҷумҳурии Мардумии Хитой

     Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори “Боғдорӣ барои рушди деҳот”дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварӣ “ЭКСПО-2019”, ки аз 29 апрел то 07 октябри соли 2019   дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуда, соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардид.

   Боиси ифтихор  аст, ки санаи 8-уми октябр дар маросими расмии ҷоизасупории Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварӣ “ЭКСПО-2019”, тибқи қарори Кумитаи тадорукоти Намоишгоҳ дар асоси хулосаи коммисияи байналмилалӣ иборат аз 11 нафар аз кишварҳои гуногун, таҳти роҳбарии Президенти Ассотсиатсияи    байналмилалии    истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои боғдорӣ (AIPH) Бернард Костером дар номинатсияи “Майдонҳои дохилии намоишгоҳи байналмилалӣ” аз рӯи баҳогузории экспозитсияи намоишгоҳӣ, мутобиқатии мавзуъ, муаррифӣ ва ташкили кори Павилион  ва тарҳи меъморӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардид.

   Аз Павилиони Тоҷикистон дар рӯзҳои корӣ то 25 ҳазор нафар ва дар рӯзҳои истироҳатӣ то 45 ҳазор  шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва хориҷӣ дидан намудаанд. Дар ин Намоишгоҳ зиёда аз 110 давлатҳои ҷаҳон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва 120 музофот, шаҳр ва ташкилотҳои Чин иштирок карда, барои мукофотҳои Намоишгоҳ довталабӣ намуданд.

   Дар намоишгоҳи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиќ ба мавзуъ дастовардҳои соҳаи боғдории худ аз ҷумла меваҳои тару тозаи экологӣ, меваҳои хушк, фишурдаи меваҳо, асал, обҳои ташнашикани ширкати навтаъсис таҳти тамғаи “Сиёма” ва дигар маҳсулотҳои ширкат ва корхонаҳои худро муаррифӣ намуд.

   Дар баробар ин, ба меҳмонон ва ташрифоварандагони Намоишгоҳ имкониятҳои сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ муаррифӣ карда шуд.

  Боиси зикр аст, ки дар доираи Намоишгоҳи мазкур бори аввал ширкати ватанӣ “Абрикос и компания” ба бозори калони Чин барои фурўши меваҳои хушк роҳ ёфта, намояндагии доимии худро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис дод.

   Бо боварии комил метавон гуфт, ки дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат дар самти боғдорӣ ва кишоварзӣ, инчунин эълон гардидани солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар баробари ин ташрифи бевоситаи Сарвари давлат аз гушаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи мазкур нақши муҳим ва калидиро барои ноил гардидан ба ин дастовард бозид.