“Тоҷикистон-2019.Тирамоҳ”

   Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаҳои 24-26 октябри соли 2019 дар бинои МД “Мактаби Ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиши оид ба намудҳои гуштин”-и шаҳри Душанбе, кӯчаи Варзишӣ, 2,  Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2019.Тирамоҳ” баргузор мегардад.

   Дар намоишгоҳ бахшҳои сохтмон, энергетика, таҷҳизот ва технологияҳои истеҳсолӣ, саноати кимиёӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати сабук, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, сармоягузорӣ ва ғайра муаррифӣ карда мешаванд. 

   Дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфуз аз давлатҳои хориҷи дуру наздик ва инчунин ширкатҳои ватанӣ иштирок менамоянд.

   Кушодашавии расмии намоишгоњ санаи 24-уми октябр соати 1000

   Дар доираи Намоишгоҳи мазкур рузи 25-уми октябри соли 2019, соати 1000 дар толори маљлисгоњи МД “Кохи Борбад” њамоиши доираи соҳибкорон баргузор карда мешавад.

 Бақайдгирӣ соати 09:30

   Аз ин лиҳозШуморо эҳтиромона ба чорабиниҳои мазкур даъват менамоем.

   Маълумоти муфассал бо тел: 93 700 4545, 93 897 1818

Emailsayoraabd@mail.ru