Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2019. Тирамоҳ».

Санаҳои баргузорӣ: 24-26 октябри соли 2019. Макони баргузорӣ: ш. Душанбе, МД “Мактаби Ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин” (Маҷмааи варзишии “МАНЕЖ”).

 Ташкилкунандагон: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сарпарасти расмӣ:ҶШП «ТТ Мобайл» МегаФон Тоҷикистон.

 

            Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 то 26-ми октябри соли 2019 дар МД “Мактаби Ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиши оид ба намудҳои гуштин” (Маҷмааи варзишии “МАНЕЖ”) Намоишгоҳи  байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2019. Тирамоҳ»-ро баргузор менамояд.

Мақсади асосии баргузор намудани намоишгоҳи мазкур ин амалӣ намудани стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саноатикунонии босуръатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, ба воситаи мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ, барои дарёфт намудани шарики ҳамкор, муаррифӣ намудани молу маҳсулотҳои ба содирот нигаронидашуда ва рақобатпазири ширкатҳои ватанӣ, созмон додани корхонаҳои муштарак ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ барои соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мебошад.

            Дар намоишгоҳи мазкур, тахминан 70 ширкатҳо аз: Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва аз нисф зиёд ширкатҳои ватанӣ бештар аз 100 намуд молу маҳсулотҳои худро дар соҳаҳои: истеҳсоли автобусҳо, тракторҳо, таҷҳизотҳои овезаҳо, лӯлаҳо, металлургия, соҳаи истеҳсолии кӯҳканӣ ва семент, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук ва ғ. Ба намоиш гузошта мешаванд.

            Ба намоишгоҳи мазкур сармоягузорони хориҷӣ, намояндагони Ҳукумат, корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши хусусӣ даъват карда шудаанд.

            Дар доираи намоишгоҳи мазкур рӯзи 24 октябр соати 15-00 Бизнес-Форуми сеҷонибаи “Тоҷикистон-Беларус-Афғонистон” в меҳмонхонаи “Хаятт Реҷенсӣ”,  а ҳамчунин, 25 октябри соли 2019 соати 10:00 Бизнес-Форуми соҳибкорони ватанӣ ва иштирокчиёни намоишгоҳ дар толори хурди МД “Кохи Борбад” баргузор мегардад.