Сафари кории Раиси Палатаи савдо ва саноати Аморати Рас ал-Хайма АМА ҷаноби Муҳаммад Алӣ Мусаббеҳ Ал-Нуаймӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Палатаҳои Тоҷикистону Аморати Рас ал-Хайма

   Санаи 24 октябри соли 2019 Раиси Палатаи савдо ва саноати Рас ал-Хайма ҷаноби Муҳаммад Алӣ Мусаббеҳ Ал-Нуаймӣ ва аъзои Палатаи зикршуда ҷаноби Юсуф Муҳаммад Исмоил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар маросими кушодашавии расмии Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2019. Тирамоҳ» иштирок намуданд.

   Сафари мазкур дар асоси вохурии қаблии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Рас ал-Хайма ҷаноби Муҳаммад Алӣ Мусаббеҳ Ал-Нуаймӣ, ки санаи 11 сентябри соли 2019 дар Аморати Муттаҳидаи Араб зимни сафари корӣ доир гардида буд, баргузор шуд.

   Пас аз маросими кушодашавии Намоишгоҳи мазкур Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Рас ал-Хайма ҷаноби Муҳаммад Алӣ Мусаббеҳ Ал-Нуаймӣ вохӯрӣ гузаронида ҷиҳати ташаккул додани ҳамикориҳо ба ҷониби аморатӣ дар бораи соҳаҳои афзалиятноки кишвар ва маълумоти зиёдро оид ба фазои мусоиди сармоягузорӣ маълумот дода, ҷонибҳо Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни палатаҳои ду кишварро ба имзо расониданд.

   Бояд қайд намуд, ки дар доираи Намоишгоҳи зикргардидашуда, санаи 25 октябри соли ҷорӣ бизнес-форум низ доир карда шуд, ки дар доираи ин чорабинӣ меҳмонони АМА бо Роҳбарияти ширкати истеҳсолкунандаи обҳои ташнашикани «СИЁМА» вохӯрӣ гузаронида, ширкати мазкурро ба Намоишгоҳи байналмилалии Аморати Рас ал-Хайма, ки дар моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, даъват намуданд.

   Инчунин, дар доираи сафари худ Муҳаммад Алӣ Мусаббеҳ Ал-Нуаймӣ санаи 25 октябр барои аз наздик шинос шудан бо НБО-и Норак ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон низ сафар анҷом намуданд. Ҳангоми ташрифи Муҳаммад Алӣ Мусаббеҳ ба НБО-и Норак оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар НБО-и Норак маълумотҳои муфассал низ дода шуд.