Бизнес Форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистон – Белорус – Афғонистон

   Рӯзи 24 октябри соли 2019 дар чаҳорчубаи баргузории Намоишгоҳи байналхалқии Универсалии «Тоҷикистон – 2019.Тирамоҳ» Бизнес Форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистон – Белорус – Афғонистон баргузор шуд.

   Ташкилкунандагони чорабинӣ: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Белорус, Палатаи саноат ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, Палатаи савдо ва сармоягузории Афғонистон буданд. Мақсади асосии чорабинӣ рушди чуқури муносибатҳои иқтисодӣ тиҷоратии сеҷониба ва афзоиши муносибатҳои молии ин давлатҳо мебошад.

   Дар кори Бизнес Форум муовини Вазири Вазорати саноати Ҷумҳурии Белорус  Огородников А.С., Сафири Фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Иванов О.Н., муовини Вазири Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршоев З., муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Белорус  Набешко С.В., иҷрокунандаи муваққатии кори Сафири Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Масум Бадахш, Роҳбари иҷроияи Утоқи саноат ва коркарди маъодини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Раҳимулло Самандар намояндагони вазорату кумитаҳои Тоҷикистон , намояндагон аз Палатаи Афғонистон инчунин роҳбарони 14 корхонаҳои соҳаҳои  мошинасозӣ, сохтмон, соҳаҳои хӯрокворӣ, тиб, телекоммуникатсия, хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Белорус ва зиёда аз 20 ширкатҳо аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва наздик 100  корхонаву ширкатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳамкории Ҷумҳурии Белорус бо Афғонистон манфиатдоранд, ширкат доштанд.

   Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон дар баромади худ, аз ҷумла муносибатҳои пурнатиҷа ва самарабахши бисёрсолаи мутақобилан судманди сеҷонибаи Палатаҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Ҷумҳурии Белорус, фаъолияти пурсамари Шуроҳои Кории «Тоҷикистону Белорус», «Тоҷикистону Афғонистон» – ро, ки ба рушди васеъ намудани ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ байни Бизнеси ҷаҳон ва се ҷумҳурии дусту бародарро қайд намуд. Роҳбарияти Палата иброз дошт, ки барои муносибати мутақобилан судманди ин ҷумҳуриҳо иқтидори ниҳоят бузург мавҷуд аст.

   Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ду давлати ҳаммарз, ки дорои марзи қариб 1400 км, ки ин давлатҳоро гузаштаи таърихи муштарак, арзишҳои умуми фарҳангӣ, урфу одатҳои якхела, ҳамдинӣ ва забони умуми якест, ҳамкориҳои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи Афғонистон ва зертобеаш мувофиқи тафоҳумнома ва созишномаи ҳамкорӣ амал мекунанд.

   Дар раванди баргузории Бизнес Форум видеоролики муаррифисозии барномаи сармоягузории Сардори бахши пешрафти фаъолияти сармоягузории Кумитаи Давлатии Сармоягузорӣ Нуруллозода Изатулло дар бораи потенсиали бузург ва имкониятҳои васеи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистонро пешкаш намуда шуд.

   Аз рӯи ҷамъбасти вохӯрӣ тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Белорус ва Палатаи саноат ва маъданҳои куҳии Ҷ.И.Афғонистон, ҶСК «Гомсельмаш» бо ЧСШП «Агротехсервис»,  «Белмедпрепараты» бо ҶДММ «Сифатфарма», ҶСШК «Хадамоти рушди минтақаҳои Могилев» бо Ассотсиатсияи миллии бизнеси хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуданд.