Бизнес Форуми иштироккунандагони Намоишгоҳи байналмиллалии унисерсалии «Тоҷикистон 2019. Тирамоҳ»

     25 октябри соли 2019 дар бинои Маҷмааи Давлатии «Кохи Борбад» Бизнес Форуми иштироккунандагони Намоишгоҳи байналмиллалли Универсалии «Тоҷикистон 2019. Тирамоҳ» баргузор гашт. Дар кори Форум Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода, муовини раиси Палата Одил Сангов, Роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Рас Ал – Хайма ҷаноби Муҳаммад Али Мусаббеҳ Ал Наимӣ, Роҳбари иҷроияи Палатаи саноат ва маъданҳои куҳии Ҷумҳурии Исломии Раҳимулло Самандар, намояндагони кумитаву вазоратҳои Тоҷикистон, намояндагони  палатаҳои Афғонистон инчунин 100 корхонаву ширкатҳои аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.

    Яке аз масълаҳои муҳиме, ки дар солҳои наздик барои ҳал намуданаш чора андешиданием, ҳамаҷониба манфиати истеҳолкунандагонро бо истеъмолкунандагон ҳифз намоем. Бизнес Форум аз рӯи гуфтаҳои Раиси Палата Ҷамшед Ҷумахонзола майдони намоишии пурмаҳсулро ба иштироккунандагон ва соҳибкорон ҷудо намоем, ки онҳо таҷрибаи пешқадамро бо якдигар пешниҳод намоянд ва аз рӯи ахбороти гирифтаи худ иттилооти аввалро ба якдигар расонанд, дар бораи муваффақияти тиҷорат ва норасоииҳою камбудиҳои кори худ ба якдигар хабар расонанд, гирифтани тавсеаҳо оид ба ҳалли ҳолатҳои мушкили фаъолият ва дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамкорӣ.

   Дар чаҳорчӯбаи  гузаронидани  Форум  намояндаи  Вазорати рушди  иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Намояндагони ширкати ҶДММ «Сиёма» ва «Авеста» низ роликҳои сармоягузории хешро пешкаш карданд.

   Дар мусоҳибаи дуҷонибаи В2В корхонвау ширкатҳои ватанӣ аз шаҳри Душанбе, НТМ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ки завқи харидори намудани маҳсулотҳои ин давлатҳоро доштанд, ширкат доштанд. Дар вақти баргузорӣ музокираҳои бисёр муфид ба воқеъ пайваст ва аз натиҷааш созишномаҳо баста шуданд.