Дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмиллалии «Тоҷикистон – 2019. Тирамоҳ» баргузор шуд.

      24 октябри соли 2019 дар Маҷмааи варзишии «Манеж» – и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмиллалии Универсалӣ фурушгоҳи «Тоҷикистон – 2019. Тирамоҳ» ба кори худ оғоз намуд. Дар маросими кушодашавии кори Намоишгоҳ Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон, Муовини Вазири Вазорати   саноати Ҷумҳурии Белорус  Огородников С., намояндагони Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, корпусҳои дипломатӣ,  соҳибкорони хориҷиву ватанӣ ва намояндагони Васоити Ахбори Умуми Тоҷикистон ширкат доштанд.

         Ташкилкунандагони намоишгоҳи мазкур Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сарпарасти асосии чорабинӣ ҶСП «Мегафон Тоҷикистон» мебошад.

         Дар суханони ифтитоҳиаш Ҷумъхонзода Ҷамшед Ҷурахон мақсадҳои асосии баргузории намоишгоҳро ба тариқи зайл маънидод намуд, ки ин пеш аз ҳама мустаҳкам намудани муносибатҳои байналхалқии  иқтисодӣ – тиҷоратӣ, рушди тиҷорат, дастгирии соҳибкорон дар ёфтани муносибатҳои тиҷоратӣ, дар як мавзеъ ҷамъ намудани соҳибкорони ватаниву хориҷӣ, намояндагони сектори давлатӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятиву корхонаҳои хориҷӣ барои муносибатҳои мутақобилан судманд, дарёфти молҳои босифати ба талабот ҷавобгӯ мебошад. Инчунин муаррифии молҳои ватаниро дар ҷаҳон бояд пешкаш намуд.

Дар кори намоишгоҳ наздик 70 корхонаву шикатҳо аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳуриҳои Исломии Эрон ва Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон  ширкат намуда зиёда аз 100 молу маҳсулотҳои худро пешкаши мардум гардониданд.