“Детская Мода-2020”

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Палатаи савдо ва саноати ҶумҳурииТоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаи 20-22 август соли 2020 дар Маркази намоишгоҳи байналмилали “Атакент”-и шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон 15-умин намоишгоҳи байналмилалии махсусӣ молҳои кӯдакона “Детство-2020” ва 9-умин намоишгоҳи байналмилалии махсусӣ либоса ва пойафзоли кӯдакона “Детская Мода-2020” баргузор мегардад.

Дар чорабинӣ ширкатҳо аз Ҷумҳурии Қазоқистон, Украина, Беларус, Федератсияи Россия, Испания, Корея, ва ғайра иштирок менамоянд.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомонаи ташкилкунандагони чорабинӣ: alexpo.kz/exhibitor,  manager3@alexpo.kz, ё ин ки тариқи телефонӣ: +7 (777) 22558556  пайдо намоед.