“Миллениум Холл”

Ба аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаи 14-16 феврали соли 2020 дар Маркази намоишгоҳии “Миллениум Холл”-и шаҳри Аддис-Абебаи Давлати Эфиопия намоишгоҳи барномаҳо ва технология Itme Africa 2020 ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон қайд менамоем, ки дар доираи ин чорабинӣ баргузории В2В вохуриҳо бо намояндагониАфриқои ҷанубӣ, Уганда, Руанда, Танзаниа, Замбия, Ботсвана, Гана ва ѓайра дар назар аст.

Аз ин лиҳоз, Шуморо эҳтиромона ба чорабинии мазкур даъват менамоем.

Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомонаи ташкилкунандагони чорабинӣ: itme@itme-africa.com, itme@india-itme.com,  ё ин ки тариқителефони: +91 2222020032  +91 9820507570  пайдо намоед.